Тоҷикистон ва Қатар созишнома дар бахши муҳоҷирати кориро имзо кардаанд

Тоҷикистон ва Қатар созишнома дар бахши муҳоҷирати кориро имзо кардаанд 05.02.2019
   Созишномаи ҳукуматҳо дар мавриди танзими қувваи корӣ аз Тоҷикистон дар давлати Қатар 3 феврал аз ҷониби Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру, вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Қатар ва ҳамтои тоҷикаш Сумангул Тағойзода имзо гардид.  
 Тибқи муқаррароти Созишнома муҳоҷирони Тоҷикистон дар Қатар, бар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, тибқи қонуни давлати мизбон фаъолият хоҳанд кард. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки созишномаи мазкур баъди расмиёти дохилидавлатии тарафҳо мавриди амал қарор мегирад.  
    Манбаъ таъкид кард, ки ҷалби коргарон тавассути муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони кишвари мизбон ба роҳ монда мешавад. 
   Сумангул Тағойзода бо мақомдорони Қатар таҳкими  ҳамкории минбаъда дар бахши шуғли аҳолӣ, таҳсилоти касбӣ ва таълими калонсолон баррасӣ кардааст. Имзои созишнома дар ҳолест, ки ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон барои кор дар хориҷ, асосан Русия ва Қазоқистон қарор доранд. 
Источник:https://m.sputnik-tj.com/migration/20190204/1028163042/Sozishnoma-imzo-shud-ki-va-chiguna-muhojironi-tojikro-ba-qatar-mefiristad.html?mobile_return=no

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru