Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

23.01.2019
   Тарзи нодурусти фарзандхондӣ ба ҷиноят мебарад Таъмини бехатарии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷониба ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз афаълиятҳои муҳими сиёсати кишвар ба шумор рафта, барои амалишавии ин мақсад дар назди давлат ва ҷомеа як қатор ӯҳдадориҳо гузошта шуда, давлату Ҳукумат баҳри расидан ба ин ҳадафи муҳим тамоми тадбирҳоро меандешанд. 
     Ҳуқуқи кӯдак барои тарбия дар оила яке аз ҳуқуқҳои муҳими ӯ буда, ташаккули мукаммали исмонӣ, равонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдакро дар муҳити оила тақозо менамояд. Ва ҳар як фарзанд барои инкишофи дурусту муносиб ба меҳру муҳаббати падару модар ниёзманд аст. Ҳар як амали номуносиби падару модар метавонад боиси халалёбии рафтори фарзанд гардад. 
  Яке аз шаклҳои афзалиятноки ҷобаҷокунии кӯдакони бепарастор ва аз падару модар ятиммонда фарзандхондӣ мебошад. Он ба манфиати кӯдак ва бонарназардошти имконияти пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак иҷозат дода шуда, тартиби онро қонун муқаррар намудааст. Ҳоло бошад мушкиле, ки миёни ҷомеаи мо ба миён омадааст, ин тарзи нодурусти ба фарзанлхондӣ қабул кардани кӯдакон ва ба расмият надаровардани ин раванд аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад, ки ин кирдор дар бештари ҳолатҳо чун хариду фуруши кӯдакон шинохта мешавад. 
    Сари ин масъала Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода зикр кард, ки "хариду фурӯши кӯдакон дар мо вуҷуд дошта, яке аз сабабҳои асосии он нодуруст ба роҳ мондани раванди писархондӣ ва духтархондии фарзандон мебошад. Чанд ҳодисае ба қайд гирифта шудаанд, ки ин равандро ба таври нодуруст ба расмият медароранду дар натиҷа ин омил ба вучуд меояд. 
    Ҳастанд ҳолатҳое, ки баъзе нафарон баъди таваллуди фарзанд ба миқдори муайяни маблағ тифлони худро мефурушанд. Барои пешгирии ин амалҳо Ваколатдор оид ба ҳукуқи кӯдак бо комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак, ки дар маҳаллаҳо кор мебаранд, пайваста тадбир меандешанд",-афзуд ӯ. 
    Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Прокуратураи генералӣ, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар соли сипаригардида оиж ба хариду фурӯши ноболиғон нисбат ба 30 нафар 10 парвандаи ҷиноятӣ oғоз карда шуда, ба суд ирсол карда шуддаст. Ва парвандаҳое, ки ба хариду фурш дахл доранд, асосан ба кӯдакони навзод вобаста аст. 
   Ба гуфтаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумхурии Тоҷикистон Азим Машрабзода, дар аксар ҳолатҳо хариду фуруши ноблиғон, accосан кӯдакони навзод аз тарафи шахсони бефарзанд ва падару модароне (асосан модарони танҳо), ки имконияи таъмин ва тарбияи фарзандони худро надоранд, содир шудаанд. 
    Ба иттилои ҳамсуҳбат, шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро доранд, бо ариза ба мақомоти васояти парасторӣ муроҷиат мекунанд. Мақомоти васояти парасторӣ онҳоро ба рӯйхати махсус дохил менамоянд. Чунин рӯйхатҳо танҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан тартиб дода мешаванд, зеро хонаҳои кӯдакон дар ҳамин шаҳрҳо ҷойгиранд. Баъзан шаҳрвандон aз шаҳру ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул намудани кӯдаконро доранд, маҷбур мешаванд ба шаҳри Душанбе оянд ва ин ҳолат барои онҳо каме мушкилӣ эҷод мекунад. 
    Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар соли сипаригардида ба хонаҳои кӯдакони зерсохтори Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон 51 нафар кӯдаконе, ки волидонашон аз онҳо даст кашидаанд, ворид гардидаанд. Аз ин шумора 33 нафари онро кӯдаконе ташкил медиҳанд, ки аз таваллудхонаҳо ворид шуданд. 
   "Баъзе хонаводаҳое ҳастанд, ки бо амри тақдир фарзанддор намешаванд ва онҳо фарзандони бародар ва ё xoҳap ё ягон хешованди худро мегиранд ва ин амалро ба расмият намедароранд. Фарзандро бо розигии ягдигар берасмикунонӣ ба оилае, ки фарзанд надоранд, медиҳанд. Дар натиҷа бо мурури замон мешаванд ҳолатҳое, ки пас аз чанд сол байни хонаводаҳо нофаҳмӣ ба миён омада, тарафи муқобил фарзанди худро талаб мекунад, ки ба ҳолати равониву инкишофи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. 
    Чанде пеш бо ин масъала нафаре аз вилояти Хатлон барои кумак намудан ба мо муроҷиат намуда буд. Ӯ кӯдакро аз як шахси наздики худ бе ягон расмикунонӣ гирифта, калон мекунад. Баъди 8 сол ва сар задани нофаҳмие миёни онҳо ин нафар талаб дорад, то фарзандашро ба ӯ баргардонад. 
    Дар ин гуна ҳолатҳо хуб мешуд, ки шаҳрвандон пеш аз он ки фарзандеро ба фарзандхондӣ гирифтан хоханд, новобаста аз он ки фарзанди бародар ё xoxap ҳам бошад, мутобиқи тартиби қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон бояд ба расмият дароранд. Дар ин ҳолат минбаъд мушкили сар намезанад ва волидону кӯдакон саргардон намешаванд",-зикр намуд Азим Машрабзода. 
     Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, баъзан аз рӯйи гумроҳӣ ва ё шароит надоштанашон аз ҷониби модарони танҳо хариду фуруши кӯдак бо маблағи ночиз ва ё бар замми анҷоми коре сурат мегирад. Дар ин сурат мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин амал чун иваз кардани кӯдак ба мақсади фуруш шуморида шуда, ҷавобгарии ҷиноиро дар пай дорад. 
Шаҳлои Садриддин
Газетаи "Шуғл ва муҳоҷират"

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru