Семинар-омӯзиш оид ба омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ

24.01.2019
   Рӯзҳои 21-ум ва 22-юми январи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» барои кормандони 17 бахшу шӯъбаи Хадамоти муҳоҷирати ВМКБ ва вилояти Хатлони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, инчунин кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ семинар-омӯзиш гузаронида шуд. 
     Дар семинар ба иштирокчиён доир ба қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия, тартиботи қабул ва маслиҳатдиҳии шаҳрвандони кишвар барои муайян намудани ҳолати кушода ё маҳкам будани вурудашон ба Федератсияи Русия, дар бораи муайян намудани мавҷудияти ҳолатҳои қонунӣ барои кушодани роҳ ба Федератсияи Русия, корҳои амалӣ оид ба навиштани муроҷиатҳо аз номи шаҳрвандон ба мақомоти давлатии Федератсияи Русия омӯзиш гузаронида шуд. 
   Семинар-тренинги навбатӣ оид ба ҳамин мавзӯъ 25-26 январи соли ҷорӣ низ гузаронида мешавад.
Ташкилоти Байналмилалии
Муҳоҷират дар Тоҷикистон

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru