Мизи мудаввар

17.01.2019
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №690 Дар борди Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» санаи 15 ноябри соли 2018 дар вилояти Суғд мизи мудаввар бо иштироки кормандони Раёсати Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо, Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолӣ ва аъзоёни Комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак, шуъбаи, маъмурию ҳуқуқӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Раёсати мориф, Раёсати тандурустӣ, Раёсати кор бо занон ва оила, шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Paёсати ҷавонон ва варзиш, Раёсати корхои дохилӣ, Сарраёсати омор ва шуъбаи, иттилоотию таҳлили вилоят багузор гардид. Дар мизи мудаввар сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Раҷабов ва мутахассисони пешбари МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» А. Оташехов иштирок ва суханронӣ намуданд. Сипас аз ҷониби сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №690 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020" сухан карда шуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар асоси моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати шахсони аз 18 сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳои борро дастӣ бардоштани онҳо" диққати махсус дода шудааст. Баъд аз он мутахассиси пешбари МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» доир ба шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва пешгирии меҳнати вазнини кӯдакон тариқи слайд баромад намуд. Бояд қайд кард, ки дар рафти чорабинӣ ба саволҳои сершумори аъзоёни семинар вобаста ба санадҳои дар боло зикргардида ва корбарии соҳа ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru