Кумаки ҳамоҳангшуда ба қурбониёни савдои одамон

15.01.2019
   Дар ҷомеаи имрӯза ҳолатҳои қурбонии савдои одамон гаштан, алалхусус кӯдакону наврасон, хусусияти фаромиллӣ гирифтааст. Он аз доираи як минтақа ва ё кишвар берун баромада,ба ҳама қишрҳои ҷамъият таҳдид менамояд. 
   Новобаста ба кӯшишу талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирии савдои одамон, ки ҳоло ҳам дар баъзе бахшҳои осебпазири ҷомеа ин зуҳурот дида мешавад, аз таъсири манфии номатлуби он азият мекашанд. Аз ин лиҳоз, барои барқарор намудани ҳолати рӯҳӣ-равонии қурбониёни савдои одамон, мутобиқсозӣ ба зиндагии қаблӣ ва ёфтани мавқеи худ дар ҷомеа ба онҳо кумаки ҳамаҷониба лозим мешавад. Барои кумак ба қурбониёни савдо вақт ва захираҳои зарурӣ заруранд, ки дар он, пеш аз ҳама, ҳукуматҳо нақши асосиро мебозанд. Дар ин самт саҳми ташкилотҳои байналмилалӣ низ арзанда аст, аммо ҳамоҳангии ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва аҳли ҷомеа боз ҳам таъсирбахш хоҳад буд. 
  Ҳукуматҳо барои пешниҳоди хидматрасониҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва дигар намуди он, ки ба қурбониёни савдои одамон барои барқарорсозии ҳаёташон, масъулияти аввалиндараҷа доранд. Дар он ҳолатҳое, ки хидматрасониҳо барои расонидани кумак ба қурбониён дар сатҳи ҳокимияти маҳаллӣ мавҷуд нестанд ва он аз ҷониби ташкилотҳои хайриявӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ё корхонаҳои хусусӣ таъмин карда мешавад, ҳукумат онҳоро дастгирӣ намуда, аз болои фаъолияташон назорат мебаранд, то ки пайваста ҳифзи кӯдакон таъмин карда шавад. Дар ин самт ҳукуматҳо барои таҳияи чораҳои сиёсӣ ва расмиёт масъулияти махсус доранд, ки натанҳо нисбати қурбониёни савдои одамон табъизро роҳ надиҳанд, балки дар наҷотдиҳӣ, мутобиқсозӣ ба барқарорсозии онҳо фаъолона мусоидат менамоянд.
    Муассисаҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар тадбиқи доираи васеи ташаббусҳо дар самти барқарорсозӣ ва мутобиқсозии кӯдакон-қурбониёни савдои одамон нақши ҳалкунандаро мебозанд, ки дар маркази таваҷҷуҳи онҳо ҳамеша манфиатҳои кӯдак меистанд. Илова ба дастгирии амалҳои дигар ҷонибҳо, махсусан дар робита ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон-қурбониён, ташкилотҳои кӯдакон дар чунин масъалаҳо, ба монанди баҳодиҳии талаботҳо, психотерапия ва дастгирии рӯҳӣ-равонӣ, муттаҳиднамоии оила, таъмини шароитҳои бехатари зисту зиндагӣ ва эҳтиёҷоти аввалия, инчунин мутобиқсозӣ дар раванди таҳсилоти расмӣ, таълими ғайрирасмӣ ё омодагии касби нақши муайян доранд. Барои фаъолияти ташкилотҳои кӯдакон дар ин самт “Дастурамал барои ҳифзи кӯдакон-қурбониёни савдои одамон”, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ таҳия шудааст, хеле муҳим аст. ИН дастурамал, ки дар заминаи риояи ҳуқуқҳои инсон асос ёфтааст, якчанд принсипҳои умумиро дар бар мегирад, ки “бояд дар ҳама марҳалаҳои нигоҳубин ва ҳифзи кӯдакон-қурбониёни савдои одамон дар кишварҳои аслӣ, транзитӣ ва таъиншуда, инчунин дар ҳолатҳои савдои дохилии кӯдакон ба инобат гирифта шаванд”. 
    Дар ин принсипҳо талаботҳое ҳастанд, ки тамоми амалҳо нисбати кӯдакон-қурбониёни дар асоси меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла тибқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак роҳандозӣ гардидаанд, инчунин талабот дар бораи он, ки аз ҳуқуқҳои дар конвенсияи мазкур пешбинигардида, на танҳо кӯдакони-шаҳрвандониҳамон давлат, балки қурбониёни савдои одамон, новобаста аз шаҳрвандӣ ва мақоми муҳоҷиратӣ истифода бурда тавонанд. Дар принсипҳо, ҳамчунин қайд шудааст, ки ҷалби кӯдак-қурбонӣ ба фаъолияти ҷиноятӣ ба мақоми ӯ ва қурбониро фаро намегирад. Мувофиқи синну сол ва камолоти кӯдак-қурбонӣ, фикри ӯ бояд ба инобат гирифта шавад, махсусан, ба кӯдакон-қурбониёни савдои одамон бояд имконияти бевосита ё бавоситаи намоянда ё мақоми дахлдор – дар ҳамаи мурофиаҳои судӣ маъмурӣ, ки ба онҳо дахл доранд, фикри худро баён намоянд. Ҳамчунин, принсипҳои дигаре ҳастанд, ки ба ҳуқуқи кӯдак ба иттилоот, махфият ва ҳимоя вуҷуд доранд. 
   Дар дастурамал, инчунин нақш ва уҳдадориҳои ҷонибҳои гуногун нисбати кӯдакон-қурбониёни савдои одамон муайян шудаанд ва дар он зарурати роҳ надоданд ба такрори вазифаҳо таъкид гаштааст. 
     Дар пешгирии истисмори меҳнати кӯдакону наврасон ва мубориза ба савдои онҳо ташкилотҳои коргарону корфармоён низ метавонанд саҳм гузоранд. Ташкилотҳои коргарон ва корфармоён метавонад як андоза ба ҳифзи кӯдакони синну соли қобили меҳнат, ки курбонии савдои одамон гаштаанд, мусоидат намоян. Яке аз қадамҳо ба барқарорсозии ҳаёти чунин кӯдакон метавонад бокортаъминкунии қонуни онҳо (ё шогирдӣ ва ё курсҳои омодагии касбӣ) бошад. Эътироф ва якҷоякунии дар ҷойи кор барои ин кӯдакон аҳамияти аввалиндараҷа дорад, ташкилотҳои коргарон ва корфармоён бошанд, масалан, барои ташкили омӯзиш бо усули роҳнамоӣ ва барои мусоидат дар пайдо намудани дастрасӣ ба дигар намуди кӯмак имкониятҳои хуб доранд. Итиҳодияи коргарон, илова бар ин, метавонанд гурӯҳи ҷавонони меҳнаткашро ташкил намуда, ба онҳо барои фаҳмиши чӣ тавр аз ҳуқуқҳои худ истифода бурдан кумак намоянд. Бисёр муҳим аст, ки дар хар як сатҳ, ҷудо нагузоштани кӯдакони дар нақши қурбонии савдои одамон афтода, ба ҳаёти меҳнатӣ дохил шудаанд таъмин карда шавад, то ки ба онҳо лақаби “қурбониёни савдои одамон” бор накарда шуда, ҳуқуқи онҳо ба ҳаёти шахсӣ эҳтиром карда шавад.
    Ташкилотҳои корфармоён ва коргарон метавонанд дар ҷойҳои корӣ маъракаҳои махсуси иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба ҳамаи кормандон барои фаҳмонидани ҳуқуқи қурбониёни савдои одамон ба барқарорсозии ҳаёти худ, аз ҷумла тавассути меҳнати сазовор кумак намоянд. 
   Барномаи байналмилалии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) оид ба аз байн бурдани меҳнати кӯдакон (СБМ-ИПЕК) бари аввал якчанд усулҳои марбут ба дастгирии кӯдаконеро, ки қурбониёни савдои одамон гардидаанд, таҳия намуда, дар самт якчанд захираҳои муҳимро амалӣ сохт. Ба ин роҳнамо оид ба машваратдиҳии рӯҳӣ-иҷтимоӣ ва табобати кӯдакон-қурбониён ва барномаи омодасозии духтарони маҳаллӣ дар масъалаҳои баҳогузорӣ ва пешниҳоди кумаки кӯтоҳмудат ва миёнамӯҳлат ба кӯдакони эҳтиёҷманд дохил мешаванд. Ҳангоми гузаронидани машваратдиҳии рӯҳӣ-иҷтимоӣ зарур аст, ки ҳамеша ба сифати принсипи асосӣ, манфиатҳои беҳтари кӯдакон васармашқи корӣ онҳо ҳамчун нишондиҳандаи барои баҳогузории тамоми тадбирҳо ва барномаҳо сиёсӣба ҳисоб гирифта шавад, муносибати инфиродӣ, ки аз рӯи қайди талаботҳои инфиродии кӯдак асос ёфтааст, истифода шуда, фикру мулоҳизаҳои кӯдакон барои муайян намудани талаботҳои онҳо гӯш карда шавад, оид ба амнияти кӯдакон, инчунин бехатарии онҳое, ки дастгирии онҳоро таъмин мекунад, ғамхории доимӣ зоҳир карда шавад. Барои ҳабс ва дастгир кардани кӯдакон-қурбониёни савдо, ҳатто ба мӯҳлати кам, ки ин кӯдакон ҷинояткор нестанд, бо чӣ баҳое набошад, ва ба такроран қурбонӣ гаштани кӯдакон роҳ дода нашавад. Онҳо набояд дучори ҷазои иловагӣ гардонанд, ба кӯдакон додани мақоми сокини мувақатӣ ё доимӣ дар тамоми давра, то он даме, ки бозгашти бехатари онҳо таъмин карда нашавад. Сарф намудани вақти зарурӣ ва саъю кӯшиш барои бунёди муносибати боварибахш бо кӯдак, бо мақсади расонидани кумак ба ӯ дар шифо ёфтани ҷароҳати бардошта, эҳтиром намудани ҳуқуқи кӯдак ба зиндагии шахсӣ ва махфиёна, дар вақти муносиб ба кӯдакон фароҳам овардани имконият вобаста ба талаботҳои фардии онҳо ба даст овардани малакаҳои ҳаётӣ, гирифтани маълумот ё омодагии касбӣ, мусоидат намудан ба (ре)интегратсияи иҷтимоӣ бо роҳи гузаронидани кори мувофиқ бо худи кӯдакон ва бо ҷамоатҳое, ки онҳо дар он зиндагӣ хоҳанд кард, назоратбарӣ аз болои он коргардони нигоҳубинкунандаи кӯдаконе, ки омодагӣ ва таҷрибаи зарурӣ дошта бошанд, то онҳо мунтазам бозомӯзиро гузашта, тахассуси худро такмил диҳанд. 
     Бисёре аз кӯдакон-қурбониёни савдои одамон ба манзили зисти муваққатӣ, баъзан, каму беш доимӣ эҳтиёҷ доранд. Зарурат ба ҷойи зисти бехатар аз он сабабе пайдо мегардад, ки кӯдакон нисбати савдогарони худ шоҳиди додани ҳастанд. Ин зарурат, ҳамчунин метавонад бо он сабабҳое пайдо гардад, ки кӯдакон бояд дар назди марказҳо хадамотҳои машваратдиҳӣ, ки барои шифо ёфтани ҷароҳатҳои бардоштаашон кумак мерасонанд, ё ба ягон хизматрасониҳои тиббӣ эҳтиёҷ пайдо намоянд, қарор дошта бошанд. 
    Ҷустуҷӯи ҷойи бехатар барои кӯдакон-қурбониён хеле аҳамияти муҳим дорад, аммо дар айни замон мушкилоти воқеиро ба бор дорад. Бисёр вақт ба кӯдакон инфрасохтори нисбатан арзишнок лозим меояд, инчунин хӯрокворӣ, либос ва хидматрасониҳои муайян, масалан марбут ба таҳсил ва истироҳат, муоинаи тиббӣ ва муолиҷа зарур мегардад. Илова бар ин, интихоби ҷойҳои истиқомат барои кӯдакон бояд ба назардошти омили гендерӣ, бо мақсади он ки махсусан духтарон ба мавқеи эҳтимолии осебпазир наафтанд. 
     Аз рӯи манфиати беҳтарини кӯдакон амал намуда, онҳо бояд аз рӯи имкон ба кишвар ё ҷамоати худ баргардонида шаванд. Аммо баргаштан ба ҷойи аслӣ на ҳамеша барои кӯдак роҳи ҳалли беҳтарин мебошад. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дастурамал барои расонидани кумаки мустақим ба қурбониёни савдои одамон таҳия намудааст. Дарин дастурамал масалаҳои таъмини амнияти умумӣ ва шахсӣ, ташхиси қурбониёни савдои одамон, муроҷиат ба кумак ва мусоидат намудан ба реинтегратсия, тавсияҳо барои пешниҳоди паноҳгоҳ, ёрии тиббӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. 
    Кӯдаконе, ки қурбонии савдои одамон гаштаанд, ногузир аз мактаб мемонанд, онҳо барои дохил шудан (бозгашт) ба муассисаи таълимӣ мумкин тайёр набошанд ва айни замон дар синну солеқарор дошта бошанд, ки аллакай шуруъ намудан ба андухтани малакаи зарурӣ барон кори арзанда ба онҳо лозим гашта бошад. Бояд талаботҳои кӯдак дар самти таҳсил баҳогузорӣ гардида, чораҳои дахлдор қабул карда шавад, то ки ӯ барои мустақилона сохтани ояндаи бехатар ва боэътимоди худ омода карда шавад. Ба ин метавонанд синоҳои иловагии мобайнӣ барои кӯдакон, ки ба мактаб армегарданд, таҳсилоти ғайрирасмӣ ва барномаҳои инфиродӣ ба ҷойи таҳсили расмии мактабӣ ва (ё) омодагии касбӣ дохил шaванд. 
   Баргузории маъракаҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳии дақиқан боандешона ва ҳадафнок, барон кумак дар дур кардани хавотири ва кинаи аҳоли нисбати қурбониёни савдои одамон қадами муҳиме буда метавонанд, зеро онҳое, ки аллакай ҷабр дидаанд, бо сабаби ҷудосози аз ҷомеа дучори такроран қурбонӣ нагарданд. Аммо дар ин ҳангом риояи махфият нисбати қурбониён ва ҳуқуқи онҳо ба ошкор нагардидани маълумотҳои шахсӣ дар пайёмҳои иттилоотӣ зарур аст. 
    Нисбати кӯдакон-қурбониёни савдои одамон, ки ба синну соли қобили корӣ расидаанд ва аз ҷароҳатҳо табобат ёфтаанд, муқаррароти марбут ба шуғл, роҳнамои касбӣ ва бокортаъминкунии ҷавононро метавон тадбиқ намуд. Аммо, бо назардошти таъсири ҷароҳати бардоштаи кӯдакон, зарур мешавад, ки вазъи онҳо то вақти аз байн рафтани чунин ҳамроҳикунӣ, мунтазам назорат бурда мешавад. Амалисозии назоратбарӣ на танҳо аз болои шароитҳои меҳнати кӯдак, балки аз болои муносибатҳои молиявии миёна ӯ ва оила ё шахсони ӯро парасторикунанда зарур мегардад, то ки пулҳои коркарда ба дигар эҳтиёҷоти оилавӣ истифода нашуда, кӯдак бе воситаҳои зиндагӣ намонда, боз дучори хавфи дар байни қурбониёни савдои одамон афтодан нагардад. 
                               Раҷаббек ИЛЁСОВ
Подполковники милитсия 
Газетаи "Қонун ва ҷомеа"

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru