Омилҳои хавф ва бемуофиза будан

15.01.2019
    Ба ин савол, ки чаро баъзе кӯдакон қурбонии савдои одамон мегарданд?, аксар одамон дарҳол ҷавоб медиҳанд: «Барои он ки онҳо камбизоатанд». Камбизоатӣ дар ҳақиқат унсури муҳимест, ки яке аз сабабҳои ин зуҳуротро ифода мекунад, аммо камбизоатиро ҳар хел фаҳмидан мумкин аст. 
   Танҳо аз нигоҳи камбизоатӣ фаҳмондани он ки чаро дар базе кишварҳо савдои кӯдакон назар ба дигар кишварҳо бештар ба назар мерасад, барои чӣ баъзе шаҳрҳо бо паҳншавии зиёди шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон фарқ мекунанд, барои чӣ савдогарони одамон дар баъзе ҷойҳо фаъол ҳастанд, дар ҷойи дигар не, чаро савдои кӯдакон бисёр ба ҷамъиятҳои муайян хос аст, барои чӣ базе оилаҳо нисбат ба дигарон бештар дучори хавф мешаванд, чаро дар бисёр ҳолатҳо духтарҳо дучори хавф қарор мегиранд? Бисёре аз кӯдакон камбизоатона зиндагӣ мекунанд, вале қурбонии савдои одамон намегарданд. Аз ин рӯ, агар мо хоҳем донем, ки чӣ тавр кӯдаконро, ки дар гурӯҳи хавф қарор доранд, ҳимоя намоем, зарур аст, ки моҳияти камбизоатӣ, фарқияти байни чунин кӯдакон ва кӯдакон-қурбониёни савдои одамонро дарёбем. 
    Дар асл, камбизоатӣ танҳо яке аз омилҳои хавф мебошад, ки бемуҳофизатиро аз савдои одамон ба миён меорад. Кӯдакон аксаран дучори таъсири якчандомилҳои хавф мегарданд, ки яке аз онҳо метавонад нақши «механизми фуровард»-ро бозӣ кунад. Дар чунин ҳолатҳо, баъзан ибораи «камбизоатӣ ҷамъи…»-ро барои тасвир намудани вазъияте истифода мешавад, ки дар он камбизоатӣ худ аз худ одамро ба қурбонии савдо оварда намерасонад, балки дар ҳамбастагӣ бо дигар омилҳои иловагӣ, масалан беморӣ, ки ӯро бемуҳофиза менамояд. 
  Омилҳои сершуморе, ки метавонанд ба дараҷаи осебпазирии кӯдак таъсир расонанд, аксар вақт «омилҳои хавф дар сатҳи инфиродӣ, оилавӣ, ҷомеа ва инструменталӣ» номида мешавад. 
   Ба омилҳои бемуҳофизатӣ, ё омилҳои иловагӣ, масалан, ҷудошавии оилаҳоро мисол овардан мумкин аст: фавти падар ё модар ва ё ҳар ду волидайн аз беморӣ мефавтанд, фарзандони худро бе дастгирии калонсолон мегузоранд. Ҳамчунин, омилҳои иҷтимоию иқтисодии дорои хусусияти васеъ вуҷуд доранд, ки вазъияти молявии оилаҳоро касод месозанд, масалан, хушксолӣ ва ё обхезӣ, ки метавонанд хонаводаҳоро бе маҳсулоти хӯрока ва даромад гузоранд. Ба аз чунин ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, бо гуноҳи одамон аз қабили садамаю фалокатҳо рух медиҳанд, мухолифатҳои мусаллаҳона, ки оилаҳоро маҷбур месозад хонаҳои худро тарк намоянд. Ин омилҳо одамҷаллобонро фаъол намуда, кӯдаконро, ки оилаҳояшон ҳама чизро гум кардаанд, меҷӯянд.
   Тавре таҷриба нишон медиҳад, ба баланд гаштани сатҳи бемуҳофизатии кӯдакон аз савдои одамон чунин омил, ба монанди зӯроварии хонаводагӣ низ мусоидат мекунад. Кӯдаконе, ки шоҳиди зӯроварии хонаводагӣ гардидаанд ё худ аз он азоб мекашанд, баъзеашон аз хона гурехта, дар кӯчаҳо зиндагӣ мекунанд, ки дар он ҷо аз истисмор, зӯроварӣ ва савдогарони одамон беҳимояанд ва тӯъмаи осони онҳо мегарданд. 
    Зуроварӣ дар сатҳи ҷамоат низ ба афзоиши хавф мусоидат мекунад. Мухолифатҳо оилаҳо ва ҷомеаро вайрон намуда, бемуҳофизатии ҷомеаро, махсусан ноболиғону наврасонро зиёд мекунанд. Зӯроварии кӯча ё гурӯҳӣ метавонад кӯдаконеро, ки хатарро эҳсос мекунанд, маҷбур созад ҷамоатро тарк намоянд. 
    Албатта, омилҳои дигари хавф низ вуҷуд доранд, ки танҳо хоси кӯдакони алоҳида ё гурӯҳҳои онҳо мебошанд. Ба инҳо дохил мешаванд, табъиз, имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ, рӯҳӣ, иштирок дар фаъолиятҳои ҷиноятӣ ё майл доштан ба маводи нашъадор, тааллуқ доштан ба авлоди муайян ва ақаллиятҳои этникӣ, ки дар шароити номусоид аз нигоҳи шуғл ва таминоти иҷтимоӣ қарор доранд. 
   Илова бар ин, метавон гуфт, ки баъзе механизмҳои фуровард дар сатҳи институтсионалӣ пайдо мегарданд, яъне, кӯдакон ва оилаҳо бо сабаби камбудиҳои рушди иҷтимоӣ, ба монанди набудани дастрасӣ ба таҳсил, бо сабаби нопуррагӣ ё набудани системаи бақайдгирии таваллуд, ки аз болои некуаҳволии кӯдакон назорат намояд ва дигар омилҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. 
    Бисёр оилаҳо барои он дар ҳолати камбизоатӣ зингагӣ мекунанд, ки аъзоикалонсоли оила кори дорои даромади кофӣ надоранд. Шояд дар баъзе минтақаҳо ҷойҳои корӣ мавҷуданд, вале на ҳамаи калонсолон барои ҷойҳои корӣ мувофиқанд. Барои ҳамин бо корӣ мувофиқ таъмин будани волидон зарур аст, то ки ба фарзандон имконият дода шавад, ки таҳсилоти мактабӣ ё ягон касбро аз бар намоянд. Бо ин васила, метавон доираҳои сарбастаи бекориву камбизоатӣ аз байн бурда шавад. 
    Чун масъала сари таҳсилоти фарзандон рафт, бояд қайд кард, ки бисёре аз волидайн дар он андешаанд, ки таҳсилоти духтарон бефоида аст, чунки дер ё зуд ба шавҳар мебароянд ва барои духтарон таҷрибаи муфидтар аст. Аз ин рӯ, ҳайратовар нест, ки барои духтарчаҳои дар синни 16-сола шакли маъмултари меҳнати кӯдакон ин меҳнат дар хоҷагии хонаводагӣ мебошад. Дар баъзе кишварҳо бо мақсади истифодаи онҳо дар хоҷагии хонаводагӣ боз як омили дигари номуҳофизатиро нишон медиҳад, зеро кӯдакон аз ақаллиятҳои этникӣ ё қабилаҳои муайян чун анъана ҳамчун хизматгорони хонагӣ истисмор мешаванд. Бемуҳофизатӣ ва савдои одамон аз шаклҳои дигари зӯроварӣ ва сӯистифода, таъбиз аз рӯйи аломатҳои ҷинсӣ, мансубияти нажодӣ ва этникӣ, маҳдудиятҳои ҷисмонӣ ва рӯҳӣ тақвият меёбад. 
   Омили дигаре, ки дараҷа ва хусусиятҳои хавфро муайян менамояд ва бо он кӯдкон рӯ ба рӯ мешаванд, синну соли онҳо мебошад. Чӣ қадре, ки кӯдакон хурдтар бошанд, барои ҷинояткорон истифода бурдани онҳо осонтар аст, аммо дар баробари ба воя расониданашон амалҳоеро содир менамоянд, ки эҳтимолияти дучори хавф гардиданашон зиёд мегардад.
   Набудани назорат ва назоратбарӣ аз болои ҷойҳои корӣ низ аз омилҳои хавф ҳисоб мешавад, гарчанде он натанҳо ба кӯдакон дахл дорад. Ҳама гуна тадбирҳо ва барномаҳо, ё набудани он, ки ба пешрафти усулҳои истисморӣ дар ҷойҳои корӣ роҳ медиҳанд, эҳтимолияти истисмор ва ё ба қурбониёни савдои одамон табдил мегардад. 
    Барои он ки барномаҳо оид ба ҳифзи кӯдакон ва пешгирии савдои одамон, пеш аз ҳама, ба кӯдаконе равона карда мешавад, ки бештар дучори хавф мегарданд. Ҳатман бояд омилҳои хавф ва бемуҳофизатӣ чӣ маъно дорад ва механизми ошкор ва мониторинги онҳо таъсис ва фаҳмонда шавад. 
    Агар омилҳои хавф бетараф карда нашаванд, кӯдаконе, ки қурбонии савдои одамон гардида, ба хона баргаштаанд, ба хатари аз нав қурбонии ин савдо дучор гашта, боз ба ҳамон вазъияти хатарнок меафтанд. 
Зебунисо ҶУМАХОНЗОДА
 Полковники милитсия 
Раҷаббек ИЛЁСОВ 
Подполковники милитсия

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru