Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

24.12.2018
  Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД бо донишҷуёну омузгорон ва волидони мутахассисини Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе вохури намуданд. Дар мулоқот оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҳолатҳои худкушӣ ва муноқишаҳои байни хонандагон мубодилаи афкор сурат гирифт. 
   Намояндагони ХПҲНҶ зикр намуданд, ки дар таълиму тарбияи насти наврасу ҷавон падару модар ва омузгорон масъулияти баробар доранд. Азбаски фарзанд вақти бештари худро дар хона, дар назди волидон мeгyзаронад, пас онҳо бояд масъулияти бештар дошта, ҳамеша аз рафтору кирдори ӯ бохабар бошанд. 
    Инчунин, дар вохӯрӣ атрофи ҳурмату эҳтироми калонсолон, риоян талаботи Низомномаи коллеҷ оид ба сари вақт ба дарсҳо ҳозир гардидан, пушидани либоси тавсияви, муносибати эҳтиромона бо ҳамсабақон суханронӣ карда шуд. 
  Қисмати дуюми вохурӣ ба нақшаи чорабиниҳои ВКД дар якчояги бо Ташкилоти байналилалии меҳнат оид ба "Савдои кӯдакон бо мақсади истисмори меҳнати, шаҳвони ва дигар намудҳои он" бахшида шуд. 
    Кормандони хадамот дар бораи чӣ тавр кӯдакон ба воситаи истисмори меҳнати мубталои савдо мешаванд, баромад намуданд, аз он ҷумла зикр карданд, ки "кӯдаконро барои он ба кор қабул менамоянд, ки меҳнати кӯдакон арзон аст ва ба онҳо барои миқдори зиёди кор маблағи ночиз медиҳанд. Дар баъзе ҳолатҳо волидайн аз сабаби қарздор будан фарзандашонро барои кор кардан дар хоҷагии шахсе медиҳанд, ки аз ӯ қарздоранд. Кӯдакони зиёде, ки дар ҳамин холатанд, шикоят мекунанд, ки доимо гуруснаанд ва онҳоро кори зиёд мефармоянд, ки ин ҳама нишонаи истисмори меҳнатӣ мебошад, ки он ба ҷинояти савдои кӯдакон марбут мебошад"-гуфта шуд дар ин чорабинӣ. Мо, донишчуён, аз чунин вохӯрӣ қаноатманд буда, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ миннатдории xeшpo изҳор менамоем. 
Замира НИЗОМОВА 
Донишҷӯ 
«Қонун ва ҷомеа» 10.11.2018

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru