Кадом омилҳо боиси ҷалби кӯдакон ба корҳои вазнин мешавад ?

24.12.2018
     Мувофиқи маълумоти Ташкилоти байналмилали меҳнат, дар ҷаҳон 168 млн. Кӯдакони то 18-сола кор мекунанд. Аз инҳо 85 млн. Нафар ба шаклҳои бадтарини меҳнат машғулан. 
      Қисмати зиёди кӯдакон имконияти хондан надорад ва аз муносибати бераҳмона шикоят менамояд. Баъзеи онҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ қобилияти коркуниро гум мекунанд ва ҳатто мефавтанд, чунки онҳо ба меҳнати кӯдакона ҷалб карда шудаанд. Қисмати дигар рӯҳан хаста мегарданд, ки ин ба ҳаёти онҳо таъсири манфӣ мерасонад. 
     Паҳн кардани шаклҳои меҳнати бадтарини кӯдакон барои амният, таҳсил ва тандуристии наслҳои наврас оқибатҳои хатарнок дорад. Мувофиқи ташхиси миллӣ оид ба меҳнати кӯдакон, ки аз ҷониби Кумитаи миллии омор,бо дасгири Кумитаи байналмиллали меҳнат (МОТ) гузаронида шудааст, маълум шуд, ки аз 672 ҳазор кӯдаки коргар, 592ҳазор дар ҷойҳое меҳнат мекунанд, ки барои синну сол ва ташаккули онҳо мувофиқ нест. Дигар хел гӯем 40% кӯдакон ба шаклҳои батарини меҳнат ҷалб карда шудааст. Таҳсил ва мубориза бокамбағали ин ду воситаи асосии аз байн бурдани шаклҳои бадтарини мехнати кӯдакона мебошад.
                                               Чаро нисбати кори кӯдакона талабот мавҷуд аст?
     Меҳнати кӯдакона барои он лозим аст,ки корфармоён ба ҷойи калонсолон онҳоро ба кор мегиранд.Мумкин корфармоён худашон дар хурдӣ кор карда бошанд,барои ҳамин ягон зарарро дар меҳнати кӯдакона намебинанд.Дар ин ҷо дар мадди аввал саволҳо оид ба расму оинҳое,ки мавҷуданд,пеш меояд.Мақсади асосии онҳо дар зиндагӣ ҳарчи бештар маблағ ба даст оварданд ва дар бораи оқибатҳои он фикр ҳам намекунанд.Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?
                                               Оё меҳнати кӯдакона ин воқеияти бад аст? 
     Одамони бисёр мегӯянд,ки меҳнати кӯдакона зуҳуроти номатлуб,аммо зарур аст.Агар кӯдакон кор накунанд,онҳо ва хонадони онҳо метавонанд гурусна монанд.Ҳамаи кӯдакон,новобаста ба вазъияте,ки онҳо қарор доранд,ҳуқуқи бозӣ кардан,мактаб рафтан ва ҳуқуқи аз муҳаббати падару модар баҳра бурданро доранд. 
                                               Бо кадом роҳ меҳнати кӯдакона ба онҳо зарар мерасонад? 
    Шумораи зиёди наврасон фикр мекунанд,ки ҳеҷ чиз ба онҳо зарар расонида наметавонад ва меҳнати онҳо ягон мушкилот надорад.Ба ин ақида онҳо метавонанд душмани худ шаванд. Онҳо намехоҳанд, ки як қатор намудҳои меҳнат ба онҳо зарар мерасонад. 
      Дар ҷаҳон 168 млн. кӯдакони коргари то синни 18-сола ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 120млн.кӯдакони аз синни 5 то 14-сола ва қариб 48млн.аз 15 то 17-сола мебошанд. 
      Тақрибан 85 млн.кӯдак дар шароитҳои хавфнок кор мекунад. Аз инҳо 38 млн.кӯдакони то синни аз 5 то 14-сола ва зиёда аз 47 млн.аз синни 15 то 17-соларо дар бар мегирад. 
     Ҳисоб карданд, ки зиёда аз 264млн кӯдакони аз синни 5 то 17-сола дар ҷаҳон аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол мебошанд. 
     Қариб 144млн кӯдакони аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолбуда, аз синни 5 то 14-сола ва қариб 120млн аз синни 15 то 17-сола мебошад. 
     Дар умум, ҳар шашум кӯдаки аз синни 5 то 17-сола мутахассиси кори худ мебошад. 
     Аз ҳисоби умумии кӯдакони коргар дар ҷаҳон тақрибан 46% аз Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором мебошад. 
     Меҳнати кӯдаконе, ки дар хона кор мекунанд, як намуди бештар паҳншуда ва анъанавии меҳнати кӯдакона мебошад. Меҳнати хонагӣ бештар ба духтарон дахл дорад, чунки то ҳанӯз ҳам дар бисёр давлатҳо ба кори хона машғул шудани духтарон як қисми тарбияи онҳо ба шумор меравад. 
    Дар шаҳр оилаҳо кӯдакони аз деҳабударо бештар барои кор кардан даъват менамоянд. Ин кӯдакон асосан аз оилаҳои камбизоат буда, бештари онҳо кӯдакони бе хона, партофташуда ва ё кӯдаконе мебошанд, ки дар оилаҳои нопурра калон шудаанд. 
   Дар бисёр ҳолатҳо, махсусан кӯдакони партофташуда ва ё ятим, пурра дар тобеияти оилаҳое қарор мегиранд, ки онҳоро ба кор гирифтаанд. Дар натиҷа, ҳолати ба ғуломӣ монанд ба миён меояд. Кӯдакон мегӯяд, ки онҳо пасмондаи хӯрокро мехӯранд ва маблағи ниҳоят кам ва ё умуман, ягон хел маблағ намегиранд, дар болои фарш хоб мераванд ва мавриди таҳқир қарор мегиранд. Онҳо аз оила ҷудоянд, ба мактаб ҳамавақт намераванд ва бо ҳамсолонашон вақти бозӣ кардан надоранд. 
     Қисми зиёди кӯдаконе, ки дар хона кор мекунанд, аз синни 12 то 17-сола мебошанд. Лекин натиҷаи тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки кӯдакони аз синни 5 то 6-сола ҳам ба сифати пешхизмати хона кор мекунанд. 
     Кӯдаконе, ки дар хона кор мекунанд, рӯзи кори 15 ё 16-соата доранд. 
    Қисми зиёди кӯдакони коргар-ин қувваи кории ройгон мебошад (коргарон дар оилаҳо), махсусан дар деҳа. Бар вази кӯдакон хеле музди кам мегиранд, ин маблағ вобаста ба синну сол ва ҷинси онҳо алоқаманд мебошад. Духтарон нисбати писарон кам маоши моҳона мегиранд. 
     Кӯдаконро баъзан ба ғуломӣ мефурӯшад-ғуломӣ то ҳол аз байн нарафтааст. 
    Дар баъзе ҳолатҳо соҳиби хона кӯдаконро барои кор кардан аз оилаҳое мехарад, ки замини худро ба онҳо иҷора додаанд. Гоҳ вақт онҳо пешакӣ маблағро барои меҳнати кӯдакони онҳо дар хоҷагии қишлоқ, хона, саноати бофандагӣ ва истеҳсоли қолинҳои деҳот пардохт менамоянд. 
     Дар давлатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ҳолатҳои хариду фурӯши духтарон ба қайд гирифта шудааст. Агар кӯдакон мунтазам ба мактаб раванд, ҳолатҳои ба кор ҷалб намудани онҳо кам мешавад. 
    Сабаб ва оқибатҳои меҳнати кӯдакон: Дастрасии нокифоя ба таълим. 
    Ба мактаб нарафтани кӯдакон сабабҳои зиёд дорад. Дар бисёр давлатҳо маълумоти ибтидоӣ ройгон нест ва ба ҳамаи кӯдакон дастрас нест. На дар ҳамаи мактабҳо сифати таълим ба талабот ҷавобгӯ аст. Дар ҳолатҳое, ки таълим дастрас нест ва падару модар онро муҳим намешуморанд, кӯдаконро ба кор ҷалб менамоянд. Ин ба кӯдакон дахл дорад, ки дар оилаҳои камбизоат зиндагӣ мекунанд. Чунин кӯдакон метавонанд мубталои истисмор шаванд. 
Камбизоатӣ
    Дар ҳақиқат, камбизоатӣ яке аз сабабҳои аслии меҳнати кӯдакона мебошад. Оилаҳои камбизоат ба маблағ муҳтоҷ мебошанд ва кӯдакон 20-25% даромади хонаро меоранд. Оилаҳои камбизоат қисми асосии даромади худро ба хӯрокворӣ сарф менамоянд ва даромаде, ки кӯдакон меоранд, барои оила хеле муҳим мебошад. Дар исёр оилаҳои камбизоат яке аз кӯдакон ба мактаб меравад. 
Анъанаҳо 
    Дар баъзе ноҳияҳо аз пайи кори падару модар рафтан анъана аст. Агар оила ба ягон намуди хатарноки истеҳсолот, ба монанди ҷамъоварии тамоку ё пахта машғул бошад, маълум аст, ки кӯдакон низ ба ин кор ҷалб карда мешаванд. Дар саноат, ки пардохт аз рӯйи кори баанҷомрасонидашуда ҳисоб карда мешавад, аз кӯдакон талаб мекунанд, ки ба падару модарашон ёрӣ диҳанд ва ин таҷриба асосан дар корҳои сохтмонӣ ва корҳои хонагӣ дида мешавад. 
Осебпазирии махсус 
     Меҳнати кӯдакона асосан дар байни кӯдакони оилаҳои осеопазир-онҳое, ки даромадашон наметавонад маблағи сарфшударо барои ёрии тиббоӣ дар ҳолатҳои гирифтани ҷароҳат, бемории шахси калонсоли оила ва ё ҳангоми ҷудо шудани падару модар ва ё даст кашидан аз кӯдакон пӯшонад, роиҷ аст. Чунин оилаҳо зиёдтар хатари қарздор шуданро доранд ва ана ҳамин сабаби истифодаи кӯдакон дар корҳои хавфнок шуда метавонад. 
Ниез ба меҳнати кӯдакон 
    Барои чӣ корфармоён кӯдаконро ба кор мегиранд? Ҷавоби одӣ: меҳнати кӯдакон арзон ва баъзеҳо чунин фикри нодуруст доранд, ки гуё кӯдакон аз ӯҳдаи бавзе корҳо беҳтар мебароянд. Масала, баъзеҳо чунин меҳисобанд, ки дасти кӯдакон барон қолинбофи зиёдтар мувофиқ аст, вале ҳангоми тадқиқот ин фикр ботил баромад. 
    Сабаби асосии ба кор гирифтани кӯдакон иқтисодӣ нест. Кӯдаконро идора кардан осон аст, чунки онҳо аз ҳуқуқҳои худ бехабаранд, зиёдтар бовар мекунанд, камтар ташвиш медиҳанд, бештар гузашт мекунанд ва кор карданро рад намекунанд. 
 Таъсири меҳнат ба кӯдакон 
     Барои он ки кӯдакон аз калонсолон аз ҷиҳати физиологӣ фарқ мекунанд, онҳо ҳангоми кор бештар зери хатар қарор доранд. Онҳо аз ҷиҳати психологӣ пухта набуда, оид ба хатарнокии меҳнат иттилоъ надоранд. 
    Таъсири шароитҳои хатарноки меҳнат ба саломатӣ ва ташаккули онҳо метавонад таъсири фалокатовар расонад. Кори ҷисмонии доимӣ, масалан ҳангоми кашонидани бори вазнин организми инкишофёбандаро аз инкишоф боз медорад. Далелҳо мавҷуданд, ки ба кӯдакон химикатҳо ва радиатсия бештар ва тезтар таъсир мерасонад. 
     Инчунин, кӯдакон нисбат ба калонсолон аз муносибати бераҳмона бештар осебпазир буда, ҷароҳати психологӣ дар хона ва кор мегиранд. Махсусан, ин ба кӯдакони хурдсол ва духтарон дахл дорад. Духтарон бештар: 
- Кор карданро дар синну соли хурдсолӣ нисбат ба писарон оғоз мекунанд; 
- Аз писарон дида камтар музди меҳнат мегиранд; 
- Дар соҳаҳое кор мекунанд, ки музди кам мегиранд ва соати кориаш зиёд аст; 
- Дар корҳои пинҳонӣ ва идоранашаванда кор карда, нисбати муносибати бераҳмона осебпазир мегарданд; 
- Дар соҳаҳое кор мекунанд, ки ба саломатии онҳо зарар мерасонад; 
- Ба гирифтани таълимот дастрас нестанд ва ё сарбории сетарафа доранд ( кори хона, иҷрои вазифаҳои мактаб ва фаъолияти иқтисодӣ). 
     Экспертҳо оид ба ҳифзи меҳнат 
   Хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳое ба шумор меравад, ки хатарнок буда, дар он кӯдакон бештар кор мекунанд-ин таъсири обу ҳаво, кори вазнин барои организми ҷавон, ҳодисаҳои ногаҳонӣ ба монанди ҷароҳат гирифтан аз асбобҳои тез ва ғайраҳо, ки бо кӯдакон метавонад рух диҳад. 
    Методҳои ҳозиразамони кор дар қишлоқ бо худ хатарҳои нав, ба монанди истифодаи химикатҳо ва механизмҳои гуногун мебошад. Бисёр кӯдакон бар асари ҳодисаҳои ногаҳонии нохуш ҳалок мегарданд. 
  Дар бисёр давлатҳо ба осебпазирӣ ва хавфнокӣ ба саломатӣ, инчунин омилҳои ба таври лозимӣ дастрас набудани ёрии тиббӣ, маориф, шароити ғайриқаноатбахши санитарӣ ва нокифоя будани таъмини хӯрокворӣ дар деҳот зам мешавад. Қонунҳое, ки меҳнатро дар хоҷагии қишлоқ ба танзим меоранд, беҳбудиро талаб менамоянд. Дар бисёр давлатҳо муассисаҳои оилавӣ, ки дар он кӯдакон кор мекунанд, ғайриқонунӣ амал мекунанд. Вале агар ҳифзи ҳуқуқ ҷой дошта бошад ҳам, бо сабаби зиёд будани минтақаҳои хоҷагии қишлоқ иҷрои қонун дар самти меҳнати кӯдакона вазифаи мушкил аст. 
Барои чӣ меҳнати кӯдаконро манъ кардан лозим аст? 
- Меҳнати кӯдакон зараровар буда, хатарнок аст ва ба талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ зид мебошад; 
- Ба он шаклҳои меҳнате дохил мешавад, ки аз ҷиҳати ақлонӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоӣ ба кӯдак хатарноканд; 
- Ин меҳнатест, ки онҳоро имконияти хондан намедиҳад ва ё сарбории дутарафа, яъне кор кардан ва ҳамзамон, хонданро талаб менамояд; 
- Меҳнати кӯдакона ба ғуломӣ ва ҷудоӣ аз оила оварда мерасонад; 
- Оилаҳо ва кӯдаконро ба камбизоатӣ ва нодирӣ оварда мерасонад; 
- Бо сабабе, ки кӯдакон аз ҷиҳати ҷисмонӣ беқувват ва аз ҷиҳати фикрӣ пухта нарасидаанд, дар ҷойи кор мубталои осебпазирӣ мегарданд; 
- Аз рӯйи ҳисоботҳои тадқиқотчиёни миллӣ, қисмати зиёди кӯдакони коргар ҳангоми кор ҷароҳат ва ё бемории тахассусӣ мегиранд. Баъзе онҳо дигар дар оянда фаъолияти кориашонро давом дода наметавонанд; 
- Дар бахшҳое, ки таҷҳизот ва дастгоҳҳо ҷой доранд, ба мисли хоҷагии қишлоқ, кор дар конҳо ва сохтмон соҳаҳое мебошанд, ки сатҳи хатарнокӣ барои кӯдакон зиёд аст. 
Зебунисо ҶУМАХОНЗОДА 
Муовини сардори ХПҲНҶ ВКД ҶТ, Полковники милитсия 
«Қонун ва ҷомеа» 25.10.2018

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru