Мубориза бар зидди ҷудогузории иҷтимоӣ.

23.12.2018
  Ҳошиясозии (маргинилизатсияи) гурӯҳҳои алоҳидаи одамон аксаран ба он оварда мерасонад, ки онҳо дастрасии худро ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба тандурустӣ ва таҳсилот аз даст медиҳанд. Чунин ҷудосозии иҷтимоӣ ва табъиз ба фоидаи савдогарони одамон аст, шахсони дар ҳошия афтодаро боз хам бемуҳофизаттар аз худ мекунанд. Барои он, ки ҳамаи кудакон тавонанд ба чунин хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ, ба монанди тахсилот ва тандурустӣ, инчунин ҳифзи иҷтимоӣ дастраси дошта бошанд, бакайдгирии ҳамаи навзодон, новобаста ба баромади этникиашон бисер муҳим аст.
     Барномаҳои мубориза бар зидди савдои кудакон бояд чанбаҳои гендерии ин мушкилотро ба инобат гиранд. Онхо бояд талабот ва манфиатҳои хоси духтарчаҳо ва писарбачаҳо, нақшҳо ва вазифаҳои гуногуни онҳо дар оилаву чамоат ва мувофиқан, фарқият дар чораҳоро ба назар гиранд. Дарк ва омӯзиши ҷанбаи гендерии мушкилоти вобаста ба савдои кӯдакон, инчунин алоқамандии онҳо бо дигар ҷанбаҳои нобаробарии иҷтимоӣ ва иқтисоди барон васеъ кардани имкониятҳои гуруҳҳои нисбатан осебпазир, қабули чораҳои қобили ҳаёт, бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва ҳуқуқи инсон аҳамияти ҳалкунанда дорад.
     Фарқияти байни духтарчаҳо ва писарбачаҳо инчунин бояд дар раванди татбиқи чораҳои мубориза бар зидди савдои кӯдакон ба назар гирифта шавад. Масалан, oё ягон омиле вуҷуд дорад, ки қобилияти духтарчаҳоро (ё писарбачаҳоро) барои иштироки пурраи онҳо дар тадбиқи ин чораҳо махдуд созад? Чунин омил, барои мисол, дар чомеае, ки мардон бартарият доранд, ҳомӣ мумкин аз ҷинси мард бошад, ки ҳама гуна баромадҳои духтарчаҳоро рад мекунанд ё бо онҳо ҳавобаландона ё мағрурона муносибат мекунад. Тадбирхои мухофизатӣ, ки дар доираи кушишҳои мубориза бо савдои кӯдакон қабул мегарданд, асосан ба кӯдакон равона шуда, бар он мусоидат менамоянд, ки кӯдакон қурбонии савдои одамон нагарданд. Аммо ҷиноятҳои вобаста ба савдо и кӯдаконро ин чораҳо боздошта наметавонанд.
      Савдогарони одамон метавонанд фатолияти худро ба ҷойи дигар гузаронанд ё ба қишри дигари аҳоли гузаранд (баъзан дар бораи он "ба як ҷо зер карданд, аз дигар ҷо зада баромад" ё "думашро кашида бароварданд, каллааш дармонд"-мегӯянд). Аз ин рӯ, чораҳои пешгирикунанда одатан барои бартараф намудани худи мушкилоти савдои одамон, аз ҷумла талабот ба истисмор дар ҳамаи шаклҳояш нигаронида мешаванд. 
Хусрав СОЛЕХОВ, 
подполковники милитсия

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru