Поймолсозии ҳуқуқи кӯдак

23.12.2018
    Ҳар як рафтору кирдори бад, амалҳои ҷинояткорона нисбати кӯдакон оқибатҳои нохуш дошта, дар рушду такомули минбаъдаи онҳо, ҳатто ба тарзи зиндагӣ ва ҳаёти онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Яке аз зуҳуроти номатлуб дар ин самт савдои кӯдакон мебошад, ки тамоми давлатҳои ҷаҳон ин амалро маҳкум намуданд. Барои барқарор намудани зарари рӯҳиву маънавие, ки дар натиҷаи ин амали ҷинояткорона ба кӯдакон мерасад, солҳо лозим меояд.    
    Вайронсозии ҷиддии ҳуқуқи кӯдак, аз ҷумла монеъ шудан ба таҳсил дар мактаб, ҳуқуқи дар оила монанд, ба бозӣ машғул шудан, таҳти ҳимоя будан аз зӯроварии шаҳвонӣ ва ҳифзи онҳо аз истисмори меҳнатӣ ба шумор рафта, аз ҷониби бархе шахсони кӯтоҳандешу масъулони онҳо дағалона вайрон карда мешавад. Ҳамаи кӯдакон аз ҳуқуқҳое, ки дар Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак пешбинӣ шудаанд, бояд бархурдор бошанд. Кӯдакон қурбонии савдои одамон аксаран дучори истисмори корӣ гардида, саломатӣ, бехатарӣ ва баъзан ҳолати рӯҳӣ-ахлоқиашонро аз даст медиҳанд. Онҳо аз таҳсил дур монда, дар натиҷа имконияти беҳтар намудани зиндагии худро дар оянда гум мекунанд. Аксар вақт аз оилаҳои худ ҷудо гашта, ба хатари зӯроварии шаҳвонӣ ё дигар шаклҳои зӯроварӣ гирифтор мешаванд. Савдои кӯдакон, илова ба ин, бо вайронсозии ҳуқуқҳои дигари онҳо алоқамандии зич дорад, ки дар санадҳои қонунгузории байналмилалӣ қабул карда шудаанд. 
      Моддаи 4-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948) хотиррасон мекунад, ки “ҳеҷ кас набояд дар ғуломӣ ё дар ҳолати мутеӣ нигоҳ дошта шавад" ва моддаи 1-и он равшан муайян месозад, ки “ҳамаи одамон озод ва баробар дар шаъну ҳуқуқи худ таввалуд мешаванд”. 
     Агар кӯдаконе, ки синну солашон ба синни тибқи қонун муқарраршудаи ҳадди ақали барои қабул гардидан ба кор нарасидааст, кор кунанд, ки “меҳнати кӯдакона” ҳисобида мешавад. Аз тарафи дигар, кӯдаконе, ки агар корҳои хатарнок иҷро кунанд ва ё мавриди истисмор қарор гиранд, масалан дар шароити ғуломӣ ва ё ба он монанд меҳнат кунан, дар соҳаи шаҳвати тиҷоратӣ истифода мешаванд ё ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб мешаванд, ки он аз шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ҳисоб мешавад. 
     Дар Конвенсияи соли 1999 дар бораи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак (№182) омадааст: “Коре, ки аз рӯйи хусусият ва ё шароити худ, ки анҷом дода мешавад, метавонад ба саломатӣ, бехатарӣ ё ахлоқии кӯдакон зарар расонад” ва яке аз намудҳои корҳои хатарнок ҳисобида шудааст. 
     Кӯдакони синнашон то 18-сола набояд ба шаклҳои бадтарини меҳнат ҷалб карда шаванд. Тибқи Конвенсияи ТБМ оид ба синну соли камтарин барои қабул ба кор таҳти №138, кӯдакони то 15-сола (дар баъзе кишварҳо то 14-сола) набояд мунтазам ба кори доимӣ машғул гарданд, кӯдакони то 13-сола бошад (дар баъзе кишварҳо то 12-сола), набояд ҳатто кори осонро иҷро кунанд. 
     Кӯдаконе, ки ба синну соли дар боло нишондодашуда нарасидаанд, агар ба корҳои вазнин ҷалб гарданд, аз бадтарин шакли меҳнати кӯдакон ҳисобида мешавад, зеро онҳо қурбонии чунин савдо гардидаанд. Онҳо дуд аз хона қарор дошта, аз наздикону пайвандони худ ҷудо, дар кишвари хориҷ ё минтақаҳое, ки забони мардуми онро намедонанд, имкони гирифтани кумакро надоранд ва илова бар ин, мутеи кордиҳандагон ва одамоне, ки ҳаёти онҳоро назорат мекунанд, қарор гирифта, ба хавфи зӯроварии шаҳвонӣ, гуруснагӣ, лату кӯб ва дигар шаклҳои зӯроварӣ дучор мегарданд. 
    Ҳар як фарди солимақли ҷомеа бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки дар пешгирии чунин амалҳои ҷинояткорона бетараф набошад ва дар бартараф намудани ин омилҳои номатлуб, баҳри ояндаи дурахшони насли наврас олами беғубори кӯдакон, саҳми худро гузорад. 
Хусрав СОЛЕҲОВ, 
Подполковники милитсия 
“Қонун ва ҷомеа" 15.09.2018

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru