Солимии кўдак бойгарии давлат аст

14.11.2018

 Тайи солњои охир дар љараёни тадбиќи  муќаррароти конвенсияи № 29 аз соли 1930 оид ба мењнати маљбури ё њатмии кўдакон як ќатор корњои назаррас анљом шудааст. Масъалаи аз байн бурдани мењнати маљбурї  дар њафтањои рушди устувори  СММ то соли 2030, ки чанде пеш ќабул гардида буд, дар тамоми гўшаву канори дунё мавќеи муњимро ишѓол намудааст.

       Кўдакон њуќуќи озод будан аз тамоми намуди мењнат ва њамаи кормандон њуќуќ ба мењнати арзанда, безарар ва солимро доранд. Шумораи кормандони љавон аз 15-то 24 сола дар саросари љањон  541 миллион нафар, ки 15% ќувваи кори љањонро ташкил медињад. Љароњатбардории истењсоли љавонон, нисбат ба кормандони калонсол, аз 24 сола боло 40% бештар аст. Тибќи маълумотњо дар љањон 152 млн. кўдак аз 5 то 17 сола мењнат мекунад, 73 миллиони онњо ба корњои њаётан хатарнок ва ё  номувофиќ ба синну солашон мебошанд.

     Ваќти он расидааст, ки дар мактабњо, муассисаву корхонањо, маърифат ва донишомўзии љавононро оид ба бехатарї ва њифзи мењнат, омўзем. Њамаи чорањоро андешем, ки љавонон принсипњои асосии њифзи мењнатро донанд, таввасути он худро њимоя кунанд ва корфармоён барои онњо љои кори бехатар ва арзанда фароњам оваранд.  Мењнати кўдакон дар хонаводаи тољикон аз љониби волидайн асосан дар бахши кишоварзї, боѓу обчикорї, чарогоњњо, нигоњубини чорво, шустани мошинњо, аробакаши дар бозорњо ва ѓайра истифода мешаванд. Солњои охир бошад, кўдакону наврасон ба сохтмон ва  кашонидани масолењи сохтмонї љалб мешаванду аз субњ то шом дар бозор савдогарї мекунанд, ки боиси ташвиш аст. Пањншавии мењнати кўдак барои бехатарї, тањсилу маълумотгирї, саломатї  ва некуањволии кули кўдакон оќибатњои начандон хуб дорад.

  Бењтар гардидани иќтисодиёти Тољикистон, баланд шудани сатњи некуањволии мардум ва пайгирињои бевоситаи Њукумати кишвар дар тарбияи дурусти насли наврас, бунёди муасссисањои таълимї  ва рушди илму техника имкон медињад, ки дар барњам додани мењнати кўдакон, њифзи мењнати коргарони љавон, ташкили љойњои кори арзанда, ба пешравињои назаррас ноил гардем.

Фаридун АВЕЗОВ

"Мехнат", нохияи Айни

 


Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru