Имрӯз ба қабули Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак 30 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Саммити миллии кӯдакон доир гардид

20.11.2019
izobrazhenie_viber_2019-11-19_16-27-55.jpg
Дар кори ҳамоиш муовини Сарвазир, Раиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини, Сафир ва роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Ҷозефс, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Мэттю Лоусон ва намояндагони мамлакатҳои аъзои ин Конвенсия, шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва кӯдакону наврасон иштирок намуданд.  

Тавре роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини иброз дошт, «Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ҳодисаҳои мушкилро аз сар гузаронид. Вале новобаста аз ин ҳуқуқи кӯдаконро дар мадди аввал гузошта, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Тӯли 26 сол Тоҷикистон дар ин самт ба пешравиҳои назарас ноил гардидааст». 

Ин дар ҳолест, ки 20 ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ — Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонид. 

Мақсади таҷлили ин рӯз он аст, ки диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон ҷалб карда шавад. 

Тавре дар суҳбат мутахассис оид ба иртиботи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаид дар Тоҷикистон Шуҳрат Шарипов иброз дошт, «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак соли 1989 аз ҷониби Ассамблеяи генералӣ қабул ва аз ҷониби 196 давлат эътироф шудааст. Конвенсия ҳуқуқи кӯдаконро ба таҳсил, сатҳи муносиби зиндагӣ ва инчунин ҳифзи онҳоро аз ҳама шаклҳои зӯроварӣ ва табъиз таъмин менамояд».  

Мавсуф иброз дошт, ки «ҳамоиши имрӯза ба 30-солагии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак бахшида шуда, инчунин барномае, ки соли 2017 оид ба хуқуқи кӯдак матраҳ гардида буд, таҳия ва пешниҳоди ҳамаи мамлакатҳо гардонида шуд». 

Дар тӯли 30 соли пас аз қабули Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон фавти кӯдакони то панҷсола 60 фоиз коҳиш ёфтааст. Агар қаблан тақрибан панҷяки кӯдакон (18 фоиз) ба мактаб нарафта бошанд, имрӯз 8 фоизи онҳо таҳсил намекунанд. Фавт дар байни кӯдакони то панҷсола 60 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин танҳо як мисоли пешрафт дар ҳифзи кӯдакон аст. Аммо дар тамоми ҷаҳон миллионҳо кӯдакон дар фақр зиндагӣ мекунанд, ба мактаб намераванд ва мавриди хушунат қарор мегиранд.  

Ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Зеро дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».  

Муовини якуми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода иброз дошт, ки «сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоӣ мебошад ва он пеш аз ҳама, ба кӯдакону наврасон нигаронида шудааст.  

Соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардид, ки он асосҳои озодии ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад».  

Тавре Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои худ зикр намуда буданд: «Мо кӯшиш мекунем, ки наслҳои наврасамон хуб таҳсил намоянд, соҳиби касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи замона гардида, рушди ояндаи давлату миллати худро таъмин карда тавонанд». 

Дар баробари ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд» яке аз тадбирҳои дигари муҳими роҳандозинамудаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ин қишри ҷомеа мебошад, ки 2 майи соли 2007 қабул гардидааст. 

Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Манбаъ: http://khovar.tj/2019/11/

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru