Дар Тоҷикистон ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ зиёд мегардад

10.07.2019
Чанде қабл дар шаҳри Душанбе  Ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстона (ФБҲБ) Форуми ташаббусҳои волонтерон-ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ-ро дар мавзӯи «Тарғибу ташвиқи китобхонӣ дар фосилаи ИДМ» доир намуд. Дар форуми мазкур  60 нафар намоянда аз нуҳ давлати кишвари Иттиҳоди давлатҳои мустақил: Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Украина иштирок намуданд. Тавре аз Ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  маросими кушодашавии Форуми мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, дар он сафирони Россия ва Озарбойҷон дар Тоҷикистон, консули Арманистон, намояндагони Вазорати фарҳанг ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд. Меҳмонон инчунин аз толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, ба фаъолияти ин муассисаҳо баҳои баланд доданд. Мақсад аз баргузор намудани Форуми ташаббусҳои волонтерон-ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ дар мавзӯи «Тарғибу ташвиқи китобхонӣ дар фосилаи ИДМ» ҷалби кӯдакону  наврасон ва ҷавонон ба китобхонӣ,  таҷрибаомӯзӣ байни ҷавонони (ихтиёриёни) кишварҳои ИДМ дар тарғиби китобхонӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба имзо расид. Озмуни мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа роҳандозӣ гардидааст. Озмун аз чор давр иборат буда, дар он хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони мамлакат метавонанд иштирок намоянд. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  аз моҳи январи соли 2019 то моҳи декабри соли 2019 идома меёбад. Маблағи умумӣ барои мукофот 310 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
https://khovar.tj/2019/07/

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru