Волонтёрон ба омӯзиш рафтанд

29.06.2019
      Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ва ташаккул додани ҳаракати волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1 то 3 июли соли 2019 лагери омӯзиширо таҳти унвони “Ҷавонон – Пайрави Пешвои миллат” роҳандозӣ намуда истодааст. 
        Дар лагери омӯзишӣ зиёда аз 50 нафар волонтёрони Кумита ва сохторҳои маҳаллӣ он иштирок намуда, муддати се рӯз ба омӯзишҳои назарявӣ ва амалӣ фаро гирифта мешаванд. 
      Дар доираи баргузории легери омӯзишӣ вобаста ба ташаккул додани маҳорату малакаи волонтёрон ҳамчун мураббӣ (тренер), семинарҳои маърифатӣ-иттилоотӣ, ва омода намудани волонтёрон ба ҳайси роҳбар дар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, омузишию оммавӣ ва тарбиявию идоракунӣ семинару машваратҳои иттилоотӣ доир карда мешавад. 
       Ёдовар бояд шуд, ки лагери омӯзишӣ дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сеҷонибаи Кумита бо Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда истодааст. Дар охир ба иштирокчиёни фаъоли семинарҳои омӯзишӣ диплом ва сертификат дода мешавад.

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru