Кўмаки молиявии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба «Хонаи кўдакони синни томактабии №1

11.07.2019
        Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2018, №8 «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-983» Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рузи маъюбон 9-уми июли соли ҷорӣ ба «Хонаи кўдакони синни томактабии №1, шаҳри Душанбе» кўмаки молиявӣ расонида шуд. 
       Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар «Хонаи кўдакони синни томактабии №1» 80 нафар кўдакони ятим, нимятим ва бепарастор бо се вақт хўроки гарм, сару либос, ҷойи хоб таъмин буда, таҳти ғамхориҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. 
  Дар доираи нақша-чорабиниҳои таҳиягардидаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба хонаи кудакони мазкур маҳсулотҳои хўрокворӣ, аз ҷумла шири хушк, картошка, пиёз, сабзӣ, ярмаи дили гандум (перловка), қаламфури булғорӣ, гўшти гов, қайлаи помидор (томат), равғани растанӣ ва дигар маводҳои сохтмонию техникӣ дар ҳаҷми 4718 сомонӣ кўмаки хайриявӣ расонида шуд. 
        Қобили зикр аст, ки Агентӣ бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии шахсони ниёзманди ҷомеа ҳама сола ҳамчун сарпарасти хонаи кудакони мазкур дасти хайру кўмак дароз мекунад. 
      Ҳадаф аз расонидани кўмак, ин асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии эҳтиёҷмандонро муайян менамояд ва ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро меорад.
Источник: Kor.tj

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru