Баргузор намудани Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон дар н.Шуғнон

Баргузор намудани Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон дар н.Шуғнон 12.06.2019
Созмони Милали Муттаҳид 12 июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак муайян намудааст ва дар саросари дунё онро бо гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ қайд менамояд. Ҳар сол аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии меҳнат вобаста ба ин сана мавзӯи асосӣ интихоб мегардад. Вазъи имрӯзаи ҳассоси ҳаёти ҷомеаро ба инобат гирифта, шиори соли 2019 «Кӯдакон набояд дар саҳро кор кунанд, онҳо бояд рӯйи орзӯҳои худ амал намоянд» эълон гардидааст. Рўзи 12 июн Кумитаи мониторинги меҳнати кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар муассисаи таҳсилоти умумии № 8 - и ҷамоати М. Ширинҷонов бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи меҳнати кўдакон чорабинии иттилоотӣ баргузор кард. Нахуст, кӯдакон аз рӯи барнома дар озмуни кашидани расмхо дар мавзухои: «Меҳнати кудакон», «Чамъияти худро чи хел дидан мехохи?», «Калимаи сулхро дар расм тасвир намо!», "Орзуи ман" иштирок карданд.
Источник: https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=2749453935127739&id=2228559300550541

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru