Парлумони Тоҷикистон Протоколи 2014 ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбуриро тасдиқ намуд

Парлумони Тоҷикистон Протоколи 2014 ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбуриро тасдиқ намуд 21.05.2019

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

Вакилони мардумӣ дар иҷлосия Протокол ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни баромади хеш вакили мардумӣ Сафарзода Бахтовар ва  муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин иброз намуданд, ки  Протокол ба Конвенсияи соли 1930 дар бораи меҳнати маҷбурӣ дар Конференсияи генералии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 11 июни соли 2014 қабул гардидааст ва яке аз санадҳои байналмилалии ҳатмии ҳуқуқие, ки хусусияти қатъӣ дорад, ба шумор меравад.

Конвенсияи соли 1930 дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ дар мубориза бо ҳама гуна шаклҳои меҳнати маҷбурӣ нақши ҳаётан муҳимро бозид. Аммо солҳои охир дар ҷараёни татбиқи муқаррароти Конвенсия номутобиқатии он ба масъалаҳои замони муосир ва норасоиҳо дар чораҳои тавсияшавандаи амалӣ ба монанди, чораҳои иловагии пешгирӣ, ҳимоя ва воситаҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, ҷуброни зарар ва тавонбахшии ҷабрдидагони меҳнати маҷбурӣ намоён гаштааст. Инчунин, мазмун ва шаклҳои меҳнати маҷбурӣ айни замон дигаргун шудаанд, аз ҷумла савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ ва истисмори шаҳвонӣ — мавзӯи изтироби рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ гаштаанд.

Ин нуқсонҳо ва норасоиҳоро ба назар гирифта, коршиносони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пешниҳодҳоро дар шакли Протокол ба Конвенсияи соли 1930 таҳия намуданд. Зимни баромади хеш раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффорзода Нуъмон ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон  Раҷабова Лутфия таъкид намуданд, ки  ки бо мақсади такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо қарори худ аз 28 ноябри соли 2018,  гурӯҳи кориро дар назди Кумита таъсис дод.

Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, баъд аз баррасии ҳамаҷониба онро такмил доданд. Ҳамин тариқ, лоиҳаро Кумитаи масъул бо субъектони дахлдор мувофиқа намуда, ба он тағийру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар натиҷа ба моддаи 1 мафҳуми «ҳунармандӣ», ба моддаи 6 сархати сеюм, моддаи 9 «Самтҳои ҳунармандӣ», ба моддаи 12 қисми 3-юм илова гардида, сархатҳои панҷум ва шашуми моддаи 3, сархати чоруми моддаи 5, қисми моддаи 7, қисми 1 моддаи 8 ва моддаи 10 таҳрир карда шуданд. Ҳамчунин, аз лоиҳаи мазкур сархатҳои қисми моддаи 7, қисми 2 моддаи 8, моддаи 11, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 12 пурра хориҷ карда шуданд.

Вакили мардумӣ Бибидавлат Афзалшоева ва директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Холмурод зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» иброз намуданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Д. ва вакилони Маҷлиси намояндагон Фелалиев А., Латифзода Р., БобоевО., Сафаров О.ва АхмедовМ. пешниҳод шудааст.

Барои такмили лоиҳаи Қонуни мазкур дар асоси хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд. Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонунро бо инобатгирии лоиҳаи таҳиягардидаи гурӯҳи кории байниидоравии Маркази идораи лоиҳаи «Идоракунии захираҳоиобии водии Фарғона», инчунин таклифу пешниҳодҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳукуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода, ба лоиҳаи Қонун ворид карда шуданд.

Матни дебоча таҳрир карда шуда, дар моддаи 1 мафҳумҳо «иншооти гидротехникии минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «тарифи хизмати обрасонӣ», матни моддаҳои 3 ва 6, қисми 3 моддаи 8, қисми 1 моддаи 12 такмил дода шуданд. Дар моддаи 15 ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони дигари об пешбинӣ карда шуд. Инчунин матни лоиҳаи Қонун ба таботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуд.

Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни мазкури такмилдодашударо ҷонибдорӣ намуд.

Дар фарҷоми иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Источник:http://parlament.tj/news/parlumoni-kasbii-mamlakat-masalai-assotsiatsiyai-istifodabarandagoni-obro-barrasӣ;-namud/

Возврат к списку

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru