Ҷаласаи навбатии Шӯрои байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии Шӯрои байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.04.2019
     Рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки аъзоёни Шӯрои байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аъзоёни Шӯро баргузор гардид. Дар ҷаласаи навбатии аъзоёни Шӯро ба масъалаҳои навбати назар намуданд: 
- маълумот оид ба иҷроиши Нақшаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018; 
-100 солагии Ташкилоти байналмилалии меҳнат. Аз натиҷаҳои ба даст оварда ва нақшаҳои ояндаи ТБМ дар Тоҷикистон; 
-омодагӣ ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон. 
    Сангинзода Э.Н. - муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатиро оғоз намуда оиди паст шудани сатҳи меҳнати кӯдакон ба 10,3% дар соли 2018 маълумот доданд, инчунин қайд намуданд, ки корҳо дар самти мубориза бо хариду фуруши одамон, меҳнати маҷбури ва шаклҳои дигари он идома хоҳанд ёфт. 
  Қурбонов Акобир - сардори шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон иштирокчиёнро маълумотнок намуданд, ки дар мубориза бо меҳнати кӯдакон ва шаклҳои бадтарини он корҳо идома доранд. Аз тарафи мутахассисони ФИКТ нақша чорабиниҳо оиди мубориза бо меҳнати маҷбурӣ тартиб дода шудааст.  
   Ғуломшоева Нодира - Сармутахассиси шуъбаи шарикони иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнати ВММША ҶТ доир ба тадбиқи Нақшаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар соли 2018 суханронӣ намуд. 
     Собир Аминов - ҳамоҳангсози миллӣ ТБМ дар Тоҷикистон дар суханронии худ зикр кард, ки ТБМ ин сол 100 солагии худро ҷашн мегирад. Дар соли 1919 оинномаи ТБМ қабул карда шуд ва масъалаи муҳофизати кӯдак дар ин низомнома дохил карда шудаанд. Аз ҷумла, иттилооти мухтасар оид ба фаъолияти ТБМ-БББМК дар давраи соли 2018 пешниҳод намуданд. 
   Дар фарҷом Сангинзода Э.Н. ҳами иштирокчиёнро бо фарорасии рӯзи умумиҷаҳонии меҳнат табрик намуда мавзӯи соли 2019-ро қайд намуданд: «Ҳифзи меҳнат ва соҳаҳои ояндадори меҳнат". Ғайр аз ин, шиор ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон низ интихоб карда шуд: «Кӯдакон набояд дар саҳро кор кунанд, онҳо бояд орзӯҳои худро бисозанд».
Бахши мониторинги меҳнати кӯдак.

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru