Ифтитоҳӣ Озмоишгоҳи инноватсиони дар шаҳри Хоруғ

19.03.2019
Имрӯз дар шаҳри Хоруғи вилояти ВМКБ намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон - UNICEF Tajikistan якҷоя бо Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо фонди ҷамъиятии Соҳибкорӣ ва Рушд – Accelerate Prosperity Tajikistan, Озмоишгоҳи инноватсионии навро барои наврасон ифтитоҳ намуданд. Дар ҷараёни ба истифода додани маркази мазкур, намояндагони ҳокимияти маҳалли, наврасони шаҳри Хоруғ ва меҳмонон аз шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Озмоишгоҳи инноватсионӣ макони эҷодиест, ки дар он ҷо, наврасону ҷавонон дониш ва малакае ки ҷавобгӯи талаботи асри 21 ҳаст, аз худ мекунанд. Барои наврасон ва ҷавонон тамоми шароитҳои хуби эҷодӣ муҳаё карда шудааст, то ин ки онҳо соҳибкории иҷтимоиро ҳаматарафа омӯхта дар ҳал намудани мушкилоти макони зисти худ ҳиссаи арзанда гузоранд.

Возврат к списку































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru